Виҷдони бедори адабиёт. Бахшида ба 85-солагии устод Лоиқ

Устод Лоиқ аз онҳое буд, ки чароғи нимамурдаи шеъри форсиро дар Варорӯд дубора рӯшан намуд ва ба сухан болу пар бахшид ва равиши шеъру шоириро дар кишвари мо дигар кард.

То Лоиқ пучгӯию умумигӯӣ, нодида гирифтани дарду армонҳои миллати мазлум, шиорпартоиҳои манзум ва ситоиши низом бисёр ривоҷ дошт. Муъмин Қаноат, Лоиқ ва каме баъдтар Бозор Собир аз онҳое буданд, ки талоши сангин ба харҷ доданд, то шеъру адаби моро аз ин вазъи нангин раҳоӣ бахшанд. Дар ин роҳ устод Лоиқ аз ҳама бештар муваффақ буд ва ковишҳои ӯ чашмгиртар аст. Ба ҳадде мазмуну мафоҳими тозаро ба шеъри мо ворид кард, ба ҳадде шеърро ба зиндагӣ ва зиндагиро ба шеър наздик кард, ки ту гӯӣ дар ин замина беназир буд. Шеъри гузаштаи мо низ дар Варорӯди чаҳорсад соли охир дар бисёр маворид дур аз зиндагии мардум буд, ағлаби шуарои мо дар пояи тақлид (бештар аз сабки ҳиндӣ ва аз шоири бузург Бедили Деҳлавӣ тақлид мекарданд) қарор доштанд. Шеъри тоҷик дар замони Шуравӣ бошад, бештар тақлиди адабиёти рус буда ва пур аз шиорпартоиҳо ва зери фишори идеолужии коммунистӣ қарор дошт. Табиист, ки намунаҳои истисноӣ низ мавҷуд аст, вале манзури мо раванди умумии шеъру шоирӣ мебошад.

Устод Лоиқ аз суханвароне буд, ки бо кору пайкор ва вуҷуди хеш фазои маънавии як кишварро тағйир медиҳанд ва осори гаронарҷе аз худ ба мерос мегузоранд, ки он ганҷи шойгон дар тӯли қарнҳо бузургии эшонро муҷаллотар месозад. Ман мутмаинам, дар беҳтарин ашъори худ устод Лоиқ лаҳазотеро аз зиндагии гузарои миллати мо дар чиҳил соли охир ба ҳадде устодона таҷассум карда ва зиндагии моро дар он ашъор мунъакис намудааст, ки баъд аз қарнҳо низ тароват ва ҷилваҳои он коҳиш нахоҳад ёфт. Ба вижа дар китоби «Фарёди бефарёдрас» (1997). Ин китоб саропо дард аст, саропо фарёд аст, саропо ишқ аст, саропо шафқат аст. Ин китоб фақат шеър нест, ин китоб таърих, таърихи даҳ соли зиндагии мо, балки болотар аз ин, таҷассуми воқеияти рӯзгори душвори миллати мост. Ҳар сатри ин китоб бо хуни дил навишта шуда ва хонандаро шадидан таҳти таъсир қарор медиҳад. Ин китоб он қадр ҷозиба дорад, он қадр пурмуҳтаво ва пурмоя аст ва он қадр сӯзи дил дорад, ки ман китоберо аз адабиёти кунунии тоҷик дар ин поя нахондаам.

Лоиқ забони шеъру адаби моро тағйир дод, «ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд». Вақте шумо шеъри Лоиқро мехонед, агар суханшинос бошед, медонед, ки сухани ӯ то чӣ андоза устувор аст ва агар маънишиносед, дармеёбед, ки гуфтори ӯ дар бисёр маврид аз ҷон сарчашма гирифта ва аз буни дандон бархостааст. Лоиқ дар баробари забон дастпоча набуд, чаро ки дар забон тасаллути комил дошт. Гоҳо вақте шеъри устод Лоиқро мехонед, гумон мекунед ҳамаи аҷзои ин шеър пеш аз гуфта шудан вуҷуд доштааст. Ин нукта ҳам дар мавриди ашъори дар анвоъи суннатии назм офаридаи Лоиқ содиқ аст ва ҳам дар мавриди ашъоре, ки бо шеваи ҷадид гуфтааст. Насри ӯ ба ҳадде асолат ва ширинии форсиро ҳифз намуда ва муассир аст, ки ба гумони ман, назири ӯ дар адвори мухталифи адабиёт низ чандон зиёд набудааст. Дар ин замина, метавон аз мақолаҳои фаровон, гузоришҳои адабӣ ва тарҷумаҳои ӯ ёдовар шуд. Баъзе аз мақола ва навиштаҳои ӯ, аз ҷумла андешаҳои ӯ дар муқаддимаи китобҳои устоди гаронмоя ва чеҳраи беназири илму фарҳанги Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шакурӣ “Хуросон аст ин ҷо” ва китоби «Таърихи тоҷикон бо муҳри «комилан сиррӣ», ки онро раиси Пажӯҳишгоҳи таърих Раҳим Масов интишор кардааст, аз лиҳози ширинии баён ва муҳтавои ангезандаи худ дар адабиёти мо беназир аст ва арзиши ин мақолаҳо камтар аз арзиши он китобҳо нест.

Сафар АБДУЛЛО,

профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *