Акмалхӯҷаева барканор ва Шарипов ҷойгузини ӯ шуд

Муҳайё Акмалхӯҷаева аз вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озод гардида, Абдураҳмон Шарипов ба ин маснад таъин гардид.

Муаррифии кадри тозатаъин дар  толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии Вазорати маориф ва илми  Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр  баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Абдураҳмон Шарипов соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, факултети математикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудаааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омўзгори фанни математикаи МТМУ №29 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, сипас дар соҳаҳои мухталиф фаъолият кардааст.

Солҳои 2018-2020 директори МТМУ №17 ва соли 2020 то таъин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шахри Хуҷанд сарварии МТМУ №5 –и шаҳри Хуҷандро ба зимма дошт.

Аммо то кунун маълум нест, ки Муҳайё Акмалхӯҷаева баъди барканорӣ аз мудири шуъбаи маорифи Хуҷанд ба кадом вазифа таъин гардид. Ӯ дар ин мақом ҳамагӣ 4 сол кор кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.