Акрамовҳо дар Бӯстон ба маблағи 15,3 миллион сомонӣ корхона сохтанд

Имрӯз, 8 феврал дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

“Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ — бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Истеҳсоли мехҳои печон тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.

Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст.

Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ талабот ба мехи печон дар як сол 8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонае, ки имрӯз ба истифода дода шуд, метавонад пурра талаботи вилояти Суғдро бо мехи печон таъмин намояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.