Ҳалокати донишҷӯ дар садамаи нақлиётӣ

5-уми марти соли 2018, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шагнам”, Пиров Комилҷон Қурбонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, дар сероҳҳаи кӯчаи Қаҳҳоров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Нодиров Олимҷон Фарҳодович, соли таваллудаш 1998, донишҷӯи соли 4-уми Коллеҷи «Информатика ва техникаи компютерӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Фалакони ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, донишҷӯи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *