Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба рӯзи Президент

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 ноябри соли равон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ» силсилаконфронсҳои илмӣ – амалӣ доир мегарданд. Дар конфронсҳо иштироки олимони ҷавон, коршиносони соҳа ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 то 16 ноябри соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳурӣ, муассисаҳои варзишӣ суҳбату мулоқотҳои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба хизматҳои шоён ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Бахшида ба ин сана  дар марказҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Пешвои миллат- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» бо иштироки фаъолону сокинон ҳамоишҳо доир карда мешаванд.

Ҳамчунин  то 16 ноябр баргузории суҳбатҳои «мизи мудаввар», аксияҳои  тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқот, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони маъруф, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонони мамлакат  дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16  ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *