Рушди агробизнес дар Хатлон

Дар Тоҷикистон лоиҳаи ҷадиде барои беҳтар кардани рақобатпазирии агробизнес ба кор оғоз кард. Расми ифтитоҳи он 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон бо ҳузури роҳбарияти вилоят, масъулини лоиҳа, деҳқонону соҳибкорон ва ниҳодҳои зидахли соҳа баргузор шуд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда» роҳандозӣ шуда,   12 ноҳияҳои назди сарҳадии Афғонистони вилояти Хатлонро дар бар мегирад.  Буҷаи Лоиҳаи оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, (ACAT) 18,6 миллион доллари ИМА буда аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад. Он бар мабнои услуби иқтисоди бозорӣ асос ёфта, дар бахши хусусӣ мутамарказ мешавад.

Дар тули 5 соли фаъолияташ лоиҳа бояд ба ассотсиатсияҳои кишоварзӣ, кооперативҳо, миёнаравони бозор ва инчунин ба корхонаҳои хурду миёнаи зерсоҳаҳои мушаххас кӯмаки мавриди ниёзашонро расонда, аз имконияти бозори сатҳи дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ истифода бикунанд. Бадин васила рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғл ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба воситаи такмили рақобатпазирии соҳаи агробизнеси Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва соҳаи боғдорӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, лоиҳа Фонди шарикӣ ва инноватсияро бо мақсади дастгирии озмоиши технологияҳову таҷрибаҳои нав ва барои паст кардани хавф ҳангоми озмоиши моделҳои нави тиҷорӣ ба кор хоҳад бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *