Амрико ва Эрон дар бораи сулҳ ба созиш расиданд
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф эълон кард, ки миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон созишномаи сулҳ ба даст омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо инчунин дар бораи қатъи фаврии амалиёти низомӣ дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон ба мувофиқа расидаанд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, маросими расмии имзои созишнома рӯзи 19 июн дар Швейтсария баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Президенти ИМА Доналд Трамп аз анҷоми созиш хабар дода, изҳор дошт, ки баъди имзои он ҳаракати киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз аз сар гирифта шуда, муҳосираи баҳрии Эрон бекор мешавад.
Бо вуҷуди ин, ҷузъиёти пурраи созишнома то ҳол расман нашр нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ