Наҷоти се нафар аз ғарқшавӣ дар Хатлон

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Ба иттилои Раёсати Кумитаи мазкур, оби дарё баланд шуда, шаҳрвандон дар миёнаи дарё, дар болои сангҳои калон дар мондаанд.

Баъди гирифтани хабари фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон шаби 13-июн, соати 22:40 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз дастгоҳу лавозмоти махсуси наҷотдиҳӣ ва ғаввосӣ шаҳрвандонро аз муҳосираи об ва ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Гуфта мешавад, дар мавсими гармии имсола, ки оббозӣ дар ҷую наҳрҳо бештар гардидааст, аллакай наҷотдиҳандагони раёсати кумитаи мавриди назар дар Хатлон 9 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *