Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2026 таҳти №1184 Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, таъсиси ин ҷоиза идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои глобалии об ва ҳифзи пиряхҳо сарчашма мегирад.
Тавре таъкид мегардад, дар давоми беш аз ду даҳсолаи охир ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар пешбурди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи захираҳои об нақши муассир гузоштаанд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси Тоҷикистон СММ «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005–2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025» ва Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ (2025–2034)-ро эълон кардааст.
Ҳамчунин, бо пешниҳоди Тоҷикистон аз соли 2025 ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад.
Мақомот мегӯянд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун яке аз ташаббускорони асосии ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ҷоиза таваҷҷуҳи муҳаққиқон, олимон ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотиро ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини дастрасӣ ба оби тоза бештар намуда, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи технология ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт мусоидат кунад.
Барои муайян намудани номзадҳо ба дарёфти ҷоиза комиссияи махсус таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шомил хоҳанд шуд.
Тибқи нақша, маросими супоридани ҷоиза дар доираи чорабиниҳои байналмилалии марбут ба об, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, баргузор хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ