Саидмуъмин Раҳимов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо (видео)

Имрӯз, 15 июн аз зодрӯзи Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо, варзишгар ва арбоби шинохтаи соҳаи варзиши Тоҷикистон Саидмуъмин Раҳимов 80 сол пур мешавад.

Саидмуъмин Раҳимов 15 июни соли 1946 ба дунё омадааст. Ӯ аз овони кӯдакӣ ба гӯштингирӣ шавқу рағбат дошта, солҳои 1965-1971 ба варзиши сабук ва гӯштини тарзи озод машғул буд.

Мавсуф Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро соли 1974 ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1986 хатм кардааст. Баъди хатми донишкада фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун сармураббии Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Ҳосилот» оғоз намуд.

Саидмуъмин Раҳимов яке аз чеҳраҳои барҷастаи варзиши тоҷик ба ҳисоб рафта, борҳо қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ, тарзи озод, ҷудо ва гӯштини классикӣ гардидааст. Ӯ ҳамчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда, соҳиби унвони Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шудааст.

Дар баробари фаъолияти варзишӣ, ӯ дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишвар низ саҳми арзанда гузоштааст. Солҳои 1995–2004 вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Саидмуъмин Раҳимов 13 феврали соли 2009 дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт. Номи ӯ ҳамчун яке аз чеҳраҳои намоёни варзиши миллӣ ва парчамбардорони самбои тоҷик дар таърихи варзиши кишвар боқӣ хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *