Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.

Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда мебошад. Дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ доранд. Барои таъмини шабонарӯзии ҷисм бо магний хӯрдани 150 грамм тарбуз кифоя аст. Нафароне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳар рӯз тарбуз истеъмол намоянд. Тарбуз холестеринро низ аз ҷисм берун мекунад, ки барои бемориҳои дилу раг муҳим аст.

Миёни тамоми киштҳои полезии дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ мавҷуд аст. Аз пӯчоқи тарбуз барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда ҷӯшоба тайёр кардан мумкин аст.

Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хуб мебошад.

Хусусиятҳои шифобахши он: хӯрдани тарбуз шиддати сафро ва фишори баланди хунро таскин медиҳад ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, дар бадан хуни рақиқ (суюқ) пайдо мекунад. Барои бадан рутубат мебахшад; барои табҳои сӯзон ва сафровӣ давост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *