Ароқчӣ: Исроил барои халалдор кардани созиши эҳтимолии Эрон ва ИМА талош мекунад

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ изҳор дошт, ки Исроил тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ба имзои ёддошти марбут ба ҳалли ихтилофҳо байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида монеъ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз талабҳои пешниҳодшудаи ҷониби Амрико дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон дар марҳилаи кунунӣ барои Теҳрон қобили қабул нестанд.

Ароқчӣ ҳамчунин қайд кард, ки ёддошти мавриди баррасӣ масъалаҳои бекор кардани муҳосираи баҳрии Амрико ва боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмузро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи вазир, дар доираи музокирот масъалаи лағви таҳримҳои зидди Эрон ва озод кардани дороиҳои басташудаи кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.

Вай афзуд, ки поёни ҷанг инчунин бояд бо хуруҷи пурраи нерӯҳои Исроил аз минтақаҳои ишғолшудаи Лубнон ҳамроҳ бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *