Падари Абдулло Қаҳҳор кӣ буд?

Чанд соли охир ҷустуҷӯи акси падари нависандаи машҳури ӯзбек Абдулло Қаҳҳор на танҳо як кори шахсӣ, балки як талоши эҳёи хотираи таърихӣ гардид. Зеро дар паси чеҳраи фарзанди нобиға, аксаран сарнавишти падаре меистад, ки бо зиндагии пурмашаққат ва мавқеи шаҳрвандии худ заминаи ташаккули шахсияти фарзандро фароҳам овардааст.

Абдулло Қаҳҳор – Нависандаи мардумии Ӯзбекистон зодаи деҳаи кӯҳанбунёди Ашт мебошад, сарзамине, ки дар тӯли таърих бисёр фарзандони соҳибистеъдод ба ҷомеа эҳдо кардааст.
Падараш Абдуқаҳҳор Ҷалилов аз ҷумлаи мардони заҳматкаш, ростқавл ва соҳиби касби ҳалол, устои оҳангари аштӣ буд. Оҳангарӣ дар муҳити иҷтимоии он давра танҳо касб набуд, балки рамзи қувва, сабр ва эҷодкорӣ маҳсуб мешуд.

Соли 1918, дар яке аз давраҳои бисёр ҳассоси таърихи водии Фарғона, Абдуқаҳҳор Ҷалилов бар зидди ҳаракати босмачиён мубориза бурдааст. Ин мавқеи ӯ шаҳодати равшани шуури шаҳрвандӣ, ҳисси масъулият ва садоқат ба амнияти мардум мебошад. Маҳз чунин одамон буданд, ки дар солҳои ноором пояҳои тартибот ва суботи ҷомеаро нигаҳ доштанд.

Аз соли 1918 то 1934 Абдуқаҳҳор Ҷалилов дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хӯқанд фаъолият кардааст. Ин давра барои минтақа давраи душвор, пур аз таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Хизмат дар чунин шароит иродаи қавӣ, садоқат ва ҷасоратро талаб мекард. Метавон гуфт, ки таҷриба, интизом ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии падар дар ташаккули ахлоқ ва ҷаҳонбинии Абдулло Қаҳҳор таъсири амиқ гузоштааст.

Пас аз соли 1934, Абдуқаҳҳор Ҷалилов аз хизмати давлатӣ канора гирифта, то соли 1949 боз ба касби аслии худ – оҳангарӣ баргаштааст. Ин бозгашт нишонаи хоксорӣ ва пайванди устувор бо меҳнати халқӣ мебошад. Ӯ зиндагии худро бо меҳнати дастӣ, бо нону арақи ҷабин идома дод ва ҳамин рӯҳия ба фарзандаш – нависандаи оянда эҳсоси эҳтиром ба одамони одӣ, заҳматкаш ва сарнавишти онҳо бахшид.

Таҳлили эҷодиёти Абдулло Қаҳҳор нишон медиҳад, ки образи инсонҳои сода, ростқавл ва пуртаҳаммул дар осораш тасодуфӣ нест. Ин симоҳо реша дар муҳити хонаводагӣ ва тарбияи падаре доранд, ки ҳам мубориз буд, ҳам хизматчии ҷамъият, ҳам устои меҳнат.

Ҳамин тавр, омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти Абдуқаҳҳор Ҷалилов на танҳо барои пурра намудани саҳифаҳои ношинохтаи зиндагиномаи Абдулло Қаҳҳор муҳим аст, балки барои дарки амиқи заминаҳои иҷтимоӣ ва маънавии ташаккули адабиёти ӯзбеки асри XX низ аҳамияти калон дорад. Ҷустуҷӯи як акс дар асл ҷустуҷӯи як пораи таърих, як насл ва як сабақи ибрат аст.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА,

муаррих

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *