Муъҷизаҳои бодиринг

Фасли тобистон пурфайзу баракат аст, зеро меваю сабзавоти гуногун пухта мерасанд. Ин шабу рӯзҳо боғҳо ва бозор пур аз гелос, зардолу, қулфинай ва бодиринг мебошад. Аз фурсат истифода бурда, ҳарчи бештар бояд аз ин эҳсони табиат истифода бурд, зеро меваю сабзавоти тару тоза манбаи бебаҳои витаминҳо мебошанд. Имрӯз мо ба шумо – хонандагони азиз дар боби хусусиятҳои табобатии бодиринг маълумот медиҳем.

Тавсияи Сино

Аз қадимулайём бодирингро чун ғизои парҳезӣ, исҳоловар, пешоброн, талхарон ва иштиҳоовар ба кор мебурданд. Табибони халқӣ гирифторони бемории зардпарвинро бо оби решаи бодиринг табобат мекарданд. Дар баъзе мазханҳои қадимӣ омадааст, ки агар бодирингро бо асал омехта карда бихӯранд, сурфаро даво мебахшад.  Падари тиби тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар боби хусусиятҳои табобатии бодиринг чунин гуфтааст: “Бодиринг таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро қувват мебахшад ва ба бемориҳои ҷигар муфид буда, ҷисмро тоза ва сард мекунад. Барои меъдаи гарм ва илтиҳоби масона муфид аст. Шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад. Тухми бодиринг давои пешоброн аст, қабзиятро кушода, рагҳоро тоза мекунад. Вале он бод ҳосил карда, боиси сар задани қулинҷ мегардад”.

Доғҳои кунҷидакро нест мекунад?
Ин сабзавоти бебаҳо дар баробари ба саломатӣ фоида доштан ба зебо ва ҷавон мондани инсон низ кӯмак мерасонад. Бодиринг барои равондани доғи кунҷидак ва гармича нафъ дорад. Аз бодиринг барои пардоз лосёнҳои гуногун таҳия карда мешаванд.

Таркиби бодиринг
Бодиринг аз 95-97% об иборат мебошад, вале дар баробари ин, аз витаминҳои C, B1, B2, PP, каротин ва минералҳои муҳим, аз қабили калий, калсий, оҳан, фосфор, йод бой аст. Дар таркиби бодиринг ҳамчунин сафеда, қанд, оҳар ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд.

 Бодиринг ба бемориҳои зерин фоида дорад:

1. Бемориҳои дил ва рагҳо.
Аз сабаби мавҷудияти калий, бодиринг ба кори дил кумак мекунад ва барои паст кардани фишори баланди хун муфид аст.
2. Бемориҳои гурда ва масона. Бодиринг таъсири пешоброн, яъне диуретикӣ дошта, ба поксозии гурда ва масона аз рег, қум ва сангчаҳои майда ёрӣ мерасонад.
3. Мушкилоти узвҳои ҳозима ва фарбеҳӣ. Бодиринг барои беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима муфид мебошад.
4. Бемориҳои пӯст ва косметикӣ. Истифодаи бодиринг дар ниқобҳои рӯй доғҳоро нест карда, пӯстро тоза ва ҷавон месозад.
5. Давои таб ва ташнагӣ. Тибқи маълумоти Абуалӣ ибни Сино, бодиринг дар фасли гармо таб ва ташнагиро мешиканад.
6. Иммунитетро пурқувват месозад. Бодиринг манбаи хуби маводи ғизоӣ буда, ба баланд шудани қувваи муҳофизатии организм – иммунитет кумак мекунад.
7. Раванди пиршавиро ба таъхир меандозад. Бодиринг ҳамчун воситаи муқобили пиршавӣ – антиоксидант шинохта шудааст.
8. Давои меъда ва талха. Истеъмоли бодиринг тарашшуҳи шираи меъда ва талхаро зиёд намуда, кори узвҳои гуворишро беҳтар месозад ва қабзиятро пешгирӣ мекунад.
9. Ба ҷоғар даво аст. Бодиринг барои одамони гирифтори иллати ҷоғар муфид аст.
10. Давои фарбеҳӣ. Бо сабаби камкалория буданаш бодиринг барои халосӣ аз фарбеҳӣ ва кам кардани вазни бадан кумак мерасонад.

Киҳо бояд эҳтиёт шаванд?
Аммо бояд гуфт, ки бодиринг дар баробари хусусиятҳои зиёди фоиданокаш ба баъзе бемориҳо зарар ҳам дорад. Он боиси зиёдшавии шираи меъда мегардад, бинобар ин, ба гирифторони гастрит ва захми меъда зиён дорад.

Модароне, ки тифли ширхора доранд, бояд ҳангоми истеъмоли бодиринг эҳтиёт бошанд, зеро бисёр моддаҳои таркиби он ба шири сина мегузаранд ва имкон дорад, ки кӯдакро дарунрав кунанд.
Баъди истеъмоли бодиринг нӯшидани оби хунук ё газдор, лимонад, шир ҷоиз нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *