Пешгӯии БАТР. Иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 баланд, вале дар соли 2027 нисбатан сусттар пешбинӣ намудааст. Аз як тараф, ин пешгӯӣ нишонаи устувории иқтисод аст, аз ҷониби дигар, ҳушдор медиҳад, ки рушди баланд торафт бештар ба омилҳои беруна, сармоягузории давлатӣ ва вазъи бозори меҳнати Русия вобаста мемонад.

Рушди баланд

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар гузориши нав таҳти унвони “Дурнамои минтақавии иқтисодӣ” вазъи кишварҳои минтақаро таҳлил кард. Ин бонк рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар соли 2026-ум 7,9 фоиз пешбинӣ намуд. Аммо соли 2027 ин нишондиҳанда то 7% поёнтар арзёбӣ шудааст.

Ба андешаи коршиносони масоили иқтисодӣ, ин рақамҳо хушбинкунанда ҳастанд. Зеро Тоҷикистон ҳамоно яке аз кишварҳои дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ дар минтақа боқӣ мемонад. Аммо поёнравии пешгӯӣ аз 7,9 то 7% нишон медиҳад, ки иқтисоди кишвар ба марҳилаи ҳассостар ворид мешавад. Рушди баланд нигоҳ дошта мешавад, вале манбаъҳои он бояд устувортар ва камтар вобаста ба омилҳои беруна гарданд.

Тибқи арзёбии БАТР, дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 8% рушд кардааст. Ин нишондиҳанда барои кишваре, ки солҳои охир рушди босуръатро нигоҳ медорад, идомаи  тамоюли мусбат мебошад. Соли 2024-ум ММД-и Тоҷикистон 8,4% афзуда буд ва барои соли 2025 низ рушди иқтисодӣ дар ҳамин сатҳ, яъне 8,4% арзёбӣ шуда буд.

Пас, саволе ба миён меояд, ки ин рушд аз ҳисоби кадом соҳаҳо таъмин мешавад ва то куҷо дар солҳои наздик идома меёбад?

Ба таъкиди БАТР, рушди иқтисоди кишвар дар аввали соли 2026 асосан аз ҳисоби афзоиши савдо, нақлиёт ва алоқа, фаъолияти саноати коркард ва зиёд шудани истеҳсоли нерӯи барқ таъмин шудааст. Ин маънои онро дорад, ки иқтисод танҳо ба як бахш такя намекунад, балки чанд самти муҳими он фаъол боқӣ мондааст.

Махсусан, афзоиши истеҳсол ба андозаи 29,6% нишондиҳандаи назаррас мебошад. Барои иқтисоди Тоҷикистон, ки солҳои зиёд аз воридот, интиқоли маблағи муҳоҷирон ва лоиҳаҳои бузурги давлатӣ вобаста аст, рушди саноати коркард метавонад нишонаи мусбат бошад. Агар ин тамоюл устувор шавад, он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содироти маҳсулоти коркардшуда ва коҳиши вобастагӣ аз ашёи хом мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ба андозаи 7,5% барои иқтисоди кишвар аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ аст ва рушди ин бахш дар оянда на танҳо талаботи дохилиро таъмин мекунад, балки ба содироти нерӯи барқ ва ҷалби сармоя низ мусоидат хоҳад кард. Аммо, дар ин замина, коҳиши соҳаи истихроҷ ба андозаи 9,8% нишон медиҳад, ки на ҳама бахшҳо яксон рушд мекунанд.

Сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ

Яке аз нуктаҳои муҳими гузориши БАТР афзоиши сармоягузорӣ мебошад. Дар семоҳаи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3% афзудааст. БАТР ишора мекунад, ки ин афзоиш қисман бо уҳдадориҳои назарраси хароҷоти давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” вобаста аст. НБО-и “Роғун” солҳо боз яке аз бузургтарин лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, ин лоиҳа метавонад дар дарозмуддат ба афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ, беҳтар шудани таъминоти дохилӣ ва рушди содироти нерӯи барқ мусоидат кунад.

Дар гузориши БАТР омадааст, ки дар пасманзари талаботи баланди дохилӣ воридот дар Тоҷикистон 16,6% афзудааст. Ин нишон медиҳад, ки истеъмол, сохтмон, сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар дохили кишвар фаъол боқӣ мондааст. Вақте иқтисод рушд мекунад, талабот ба техника, масолеҳ, маҳсулоти истеъмолӣ, сӯзишворӣ ва ашёи хом низ меафзояд.

Аммо, дар ҳамин ҳол, содирот қариб бетағйир боқӣ мондааст. Албатта, агар воридот афзоиш ёбад, вале содирот ҳамқадам нашавад, тавозуни савдои хориҷӣ зери фишор қарор мегирад. Ба ибораи дигар, кишвар бештар мехарад, аммо ба ҳамон андоза бештар намефурӯшад.

Таваррум паст!

БАТР сатҳи таваррум дар Тоҷикистонро паст арзёбӣ мекунад. Моҳи марти соли 2026 сатҳи таваррум 3,4% -ро ташкил додааст. Дар чунин шароит Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврал меъёри асосиро 0,5 банди фоизӣ поин бурда, то 7% расонидааст.

Паст будани таваррум барои аҳолӣ ва соҳибкорӣ аҳамияти мусбат дорад. Ин ба нигоҳ доштани қобилияти харидории мардум мусоидат мекунад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки таваррум дар кишварҳои хурд ва вобаста ба воридот метавонад зуд аз берун ворид шавад.

БАТР низ дар гузориши худ ба ҳамин масъала ишора мекунад. Афзоиши нархи энергия ва сӯзишворӣ, вайрон шудани занҷираҳои таъминот ва таъсири низоъ дар Ховари Миёна метавонанд нархҳоро дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло баранд. Тоҷикистон, ки қисме аз маҳсулоти истеъмолӣ, сӯзишворӣ ва техникаи худро ворид мекунад, аз чунин тағйирот эмин буда наметавонад.

Аз хатар то нишонаҳои беҳтар

БАТР зикр мекунад, ки соли 2025 дар Тоҷикистон таъмини барзиёди буҷет нигоҳ дошта шудааст. Ба ин воридоти зиёди маблағ аз андоз мусоидат кардааст. Буҷети мутавозин ё барзиёд метавонад нишондиҳандаи идоракунии беҳтари молия бошад.

Дар ҳамин ҳол, хароҷот ба таъминоти иҷтимоӣ ва энергетика идома дорад. Ин ду самт барои Тоҷикистон хеле муҳиманд. Таъминоти иҷтимоӣ ба дастгирии аҳолӣ, нафақа, маош, кумакҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ вобаста аст. Энергетика бошад, пояи рушди саноат, инфрасохтор ва зиндагии рӯзмарраи мардум мебошад.

Инчунин, БАТР қарори Агентии байналмилалии раддабандии Moody’s-ро ҷудогона зикр мекунад. Ин агентӣ радабандии мустақили қарзии Тоҷикистонро як зина то B2 бо дурнамои устувор боло бурдааст. Ба гуфтаи БАТР, ин ба устувории идомадоштаи иқтисодӣ ва беҳтар шудани идоракунии молияи давлатӣ марбут аст.

БАТР вобастагии иқтисоди Тоҷикистонро аз Русия яке аз хатарҳои асосӣ медонад. Солҳои зиёд Русия барои Тоҷикистон яке аз бозорҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ, манбаи интиқоли маблағ ва шарики муҳими иқтисодӣ боқӣ мондааст.

Интиқоли маблағ аз муҳоҷирон даромади хонаводаҳоро таъмин мекунад. Дар бисёр минтақаҳои кишвар он на танҳо барои истеъмоли рӯзмарра, балки барои сохтмони хона, таҳсили фарзандон, хариди мол ва ҳатто оғози фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар гуна сустшавии иқтисоди Русия, маҳдудияти бозори меҳнат ё тағйири қоидаҳои муҳоҷират метавонад мустақиман ба даромади аҳолии Тоҷикистон таъсир расонад.

Минтақа рушд мекунад, аммо

Дар маҷмуъ, БАТР барои Осиёи Марказӣ суст шудани рушдро пешбинӣ мекунад. Пас аз рушди 6,9% дар соли 2025-ум, иқтисоди минтақа тибқи пешгӯии бонк, соли 2026 ба андозаи 5,6% ва соли 2027 ба андозаи 5,3% рушд мекунад. Бо вуҷуди ин, кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамоно баландтарин суръати рушдро миёни кишварҳои фаъолияти БАТР нигоҳ медоранд. Ин нишон медиҳад, ки минтақа аз нигоҳи сармоягузорӣ, захираҳои табиӣ, бозори меҳнат, инфрасохтор ва талаботи дохилӣ иқтидори назаррас дорад. Аммо, бо вуҷуди ин, минтақа ба чанд хатар, аз ҷумла ноустувории нархи энергия, таъсири таҳримҳо, вобастагӣ аз иқтисоди Русияву Чин, мушкилоти логистика, тағйири нархи озуқаворӣ ва ниҳоят таъсири низоъҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ аст.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *