Шатранҷбозони тоҷик барои роҳхат ба Олимпиада рақобат мекунанд

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи даври интихобии шатранҷ миёни мардон ва занон оғоз гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои ин мусобиқа номзадҳо барои иштирок дар Олимпиадаи шатранҷ-2026 муайян карда мешаванд.

Дар сабқати мардон Ҷамшед Исоев, Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, устоди байналмилалӣ Қубод Мақсудшоев, қаҳрамони шаҳри Душанбе дар соли 2026 Аҳмад Афзалзода, ноибқаҳрамони пойтахт дар соли 2026 ва ҳамчунин шатранҷбози 14-сола Пайрав Қодирӣ иштирок мекунанд.


Дар мусобиқаи занон бошад, Шукрона Масҳабова, Шоҳсанам Ҷумъаева, Ёсамин Хоҷаева, Нозанин Маҳмудова, Амина Масҳабова ва Закиябону Муминова барои роҳхат ба ҳайати мунтахаби кишвар мубориза мебаранд.

Олимпиадаи шатранҷ-2026 аз 15 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии шатранҷ (FIDE) баргузор хоҳад шуд.

Тибқи натиҷаҳои мусобиқаи интихобӣ ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ муайян мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *