Тарҷума ва нашри осори Робиаи Балхӣ бо 10 забон дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе китоби тозанашри «Каронанопадид» – мероси боқимондаи Робиаи Балхӣ бо тарҷума ба 10 забони хориҷӣ рӯйи чоп омад. Ин маҷмуа ба муносибати 1050-солагии зодрӯзи Робиа Балхӣ таҳия гардида, яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар самти муаррифии мероси адабии ин шоири барҷастаи форсу тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Китоб аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нашр шуда, 290 саҳифаро дар бар мегирад.
Маҷмуа таҳти назари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода омода гардида, мураттиби он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Абдураҳимзода мебошад.
Дар китоб матни ашъори Робиаи Балхӣ бо ҳуруфи кириллӣ, баргардон ба хати ниёгон ва тарҷумаҳо ба даҳ забони хориҷӣ ҷой дода шудаанд.
Ба гуфтаи таҳиягарон, ҳадафи асосии нашр муаррифии осори Робиаи Балхӣ ба хонандагони хориҷӣ ва густариши шинохти адабиёти классикии тоҷик дар ҷаҳон мебошад.
Осори боқимондаи Робиаро Султон Чорӣ ба забони ӯзбекӣ, Бахтиёр Ҳоҷатов ба русӣ, Маҳмудзода Миҷгона ва Зафар Раҳимӣ ба англисӣ, Абдуллоева Ганҷина ба чинӣ, Бурҳонов Ҷаҳонбахт ба куриёӣ, Юнусӣ Аҳтамшо ба ҳиндӣ, Садрисламова Ангелина ба ҷопонӣ ва Солеҳов Начмиддин ба арабӣ тарҷума кардаанд.
Тарҷумаи фаронсавиро Абдуласанова Зайналмо, Давлатов Муслим, Назриева Сабрина, Раҷабалиева Мақсуда, Сафаров Ҳасан ва Сафиаллоҳзода Лола анҷом додаанд.
Ба забони олмонӣ бошад, Камолова Бибикалон, Ғайратшоева Зуҳайло, Хусравбекова Баҳрӣ, Акрамзода Нӯшервон, Мирова Ҳувайдо ва Ғоибова Гулсифат шеърҳоро баргардон намудаанд.
Баргардони ашъори Робиаи Балхӣ ба хати ниёгон аз ҷониби Қамбарзода Ниёзалӣ анҷом гирифтааст.
Дар муқаддимаи китоб зикр мешавад, ки маҷмуа бо мақсади муаррифии мероси адабии Робиаи Балхӣ дар фазои байналмилалӣ ва шинос намудани хонандагони кишварҳои гуногун бо намунаҳои нодири адабиёти классикии тоҷик таҳия шудааст. Ба андешаи таҳиягарон, мавзӯъҳои ишқ, вафо, зебоӣ ва ҷаҳонбинии инсонгароёнаи Робиаи Балхӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надода, метавонанд барои хонандагони фарҳангҳои гуногун ҷолиб бошанд.
Нашри ин китоб як иқдоми муҳим дар роҳи тарғибу муаррифии адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки тарҷумаи осори классикон ба забонҳои гуногун барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва шинохти бештари тамаддуни тоҷикон мусоидат мекунад.
Робиаи Балхӣ аз аввалин шоирзанони маъруфи адабиёти форсу тоҷик маҳсуб шуда, осори ӯ дар тӯли қарнҳо ҳамчун намунаи волои сухани бадеӣ ва рамзи садоқату озодандешӣ мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб қарор гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ