Дар Бохтар барои истироҳати 11 ҳазор кӯдак шароит фароҳам шуд
Дар шаҳри Бохтар дар мавсими таътили тобистонаи имсола беш аз 11 ҳазор кӯдак ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки тибқи нақша, шумораи кӯдаконе, ки дар давоми се моҳи тобистон ба лагерҳо ва марказҳои истироҳатӣ ҷалб мегарданд, ба 11 ҳазору 120 нафар мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин 450 нафар ба истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳр фиристода мешаванд. Қисми дигари кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба барномаҳои истироҳатӣ ва фароғатӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
«Дар таътили имсола аз 11 ҳазору 120 кӯдак танҳо 450 нафар ба истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳр роҳхат мегиранд. Боқимонда дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба истироҳату фароғат ҷалб мешаванд. Барои таъмини истироҳати босифат ва муҳайё намудани шароити мусоид барои кӯдакон аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо шудааст», – гуфт Шоиста Абдуназарзода.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар 21 муассисаи таълимӣ ва 19 муассисаи томактабии шаҳр тамоми шароити зарурӣ барои қабули кӯдакон ва ташкили истироҳати тобистона муҳайё гардидааст.
Мақомоти соҳаи маорифи шаҳр мегӯянд, ҳадаф аз ташкили чунин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон дар давраи таътили тобистона мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ