Рӯнамоии китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ дар Эрон
Дар шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии китоби «Каманди зулф» – баргузидаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ 9 июн дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуда, дар он аҳли адабу ҳунар, донишмандон ва дипломатҳои муқими Теҳрон иштирок намуданд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки нашри китоби «Каманди зулф» бо хатти форсӣ дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақа ва муаррифии адабиёти тоҷик ба доираи васеи хонандагони форсизабон саҳми муҳим хоҳад гузошт.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронӣ гуфт, ки Зулфия Атоӣ беш аз чаҳор даҳсола дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳм гузошта, бо осори худ ҷойгоҳи хосеро дар фарҳанги миллӣ соҳиб шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, эҷодиёти шоир бо муҳаббат, эҳсоси нозуки инсонӣ ва садоқат ба арзишҳои маънавӣ фарқ мекунад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки қадрдонии Зулфия Атоӣ бо унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» намунаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш суҳбати видеоии донишманди тоҷик Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, ки ба китоб пешгуфтор навиштааст, пахш гардид. Ӯ зимни баррасии осори шоир иброз дошт, ки дар эҷодиёти Зулфия Атоӣ омезиши равишҳои шеъри муосир бо суннатҳои ғании адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ба таври возеҳ мушоҳида мешавад.
Доктор Маҷид Асадӣ, мудири интишороти «Нашри нағз» ва тоҷикпажуҳи эронӣ низ дар бораи аҳамияти ин китоб сухан гуфта, Зулфия Атоиро аз ҷумлаи шоирони барҷастаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд, ки тавонистааст дарду ормонҳои инсонро бо забони таъсиргузор ва ҳунари баланд инъикос кунад.
Бино ба иттилои манбаъ, китоби «Каманди зулф» чанде пеш бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар интишороти «Орван»-и шаҳри Теҳрон бо хатти форсӣ ба табъ расидааст. Китоб аз 480 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 500 нусха нашр шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ