Амруллоҳ Солеҳ: Ҳукумати кунунии Толибонро эътироф мекунам, агар…

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси пешини Ҷумҳурии исломии Афғонистон гуфт, ки агар Толибон баргузории раъйпурсиро бипазиранд, ҳукумати онҳоро қабул мекунад ва омода аст ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшад.

Вай таъкид мекунад, ки Ғарб бояд барои таъсиси ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон кумак расонад.

Баъди ба сари қудрат расидани Толибон Амруллоҳ Солеҳ ба Панҷшер рафт ва ҳамроҳ бо Аҳмад Масъуд — писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибонро таъсис дод.

Амруллоҳ Солеҳ ба Стивен Секкер, хабарнигори BBC World Hard Talk гуфтааст: «Мо омодаем ба муқовимати мусаллаҳона хотима диҳем, ба шарте ки механизми раъйпурсӣ ҷорӣ шавад. Агар Толибон пирӯз шаванд, мо албатта қонунияти онҳоро қабул хоҳем кард. Вале мо ба гуруҳе, ки бо тавтеа ба қудрат расидааст, таслим намешавем».

Ҳамзамон, ӯ ба ишораи яксолагии ҳукмронии Толибон гуфтааст, ки «соли гузашта барои Толибон на танҳо як соли нокомӣ буд, балки чеҳраи воқеии худро ба мардуми Афғонистон, нишон дод, ба сари онҳо фалокат ва гуруснагӣ овард ва занонро аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум кард».

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.