Англия: Тавофуқ наздик буд, аммо Амрико нагузошт
Рӯзномаи “Гардиан” ба нақл аз мушовири амнияти миллии Британия Ҷонатан Пауэлл фош кардааст, ки Теҳрон бо пешниҳоди “ғайриинтизор” шароитро барои дастёбӣ ба тавофуқ хеле ҳамвор карда буд, ба гунае, ки ин пешниҳод метавонист аз рух додани ҷанги ахир ҷилавгирӣ кунад.
Бар асоси ин гузориш, Пауэлл ҳамроҳ бо як мақоми дигари Британия дар даври охири ин музокирот ширкат доштааст. Ӯ дар бинои иқоматгоҳи сафири Умон дар Женева ба ҳайси мушовир ҳузур доштааст.
“Гардиан” навиштааст, ки дастаи Британия интизор дошт даври баъдии музокирот бар асоси пешрафтҳои ҳосилшуда дар Женева дар рӯзи 2-юми март баргузор шавад, аммо Амрико ду рӯз пеш аз даври нави музокирот ҷанг алайҳи Эронро оғоз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ