Ҳақиқиён: Содироту воридот байни Тоҷикистон ва Эрон фаъол аст
16-уми март дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аввалин нишасти матбуотии сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин кишвар баргузор гардид.
Сафири Эрон дар оғози суҳбат ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик барои дастгирӣ ва ҳамдардие, ки дар рӯзҳои ахир нисбат ба мардуми Эрон нишон додаанд, изҳори сипос намуд.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози даргириҳо дар минтақа шаҳрвандони Тоҷикистон бо паёмҳои ҳамдардӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар канори мардуми Эрон буда ва ба онҳо рӯҳия додаанд: “Аз шуруи ин ҷанг тоҷикон дар канори эрониҳо истода ва бо паёмҳои ҳамдардӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳияи мардуми моро хеле боло бурданд. Мо як миллат ҳастем ва дар ғаму шодии ҳамдигар дар канори ҳам қарор дорем”.
Сафир дар идомаи нишаст ба вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ишора карда, ин даргириҳоро “Ҷанги рамазонӣ” номид. Ӯ таъкид кард, ки Эрон ҳеч гоҳ оғозкунандаи ҷанг набуд, аммо ҳамеша ба ҳар гуна таҳдид дар ҳолати омодабош қарор дошт.
Алиризо Ҳақиқиён ҳамчунин бо такрори ибораи “хиёнатҳои пайдарпайи дипломатӣ” Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро интиқод кард ва гуфт, ки ин кишвар борҳо ба қавонини байналмилалӣ ва равандҳои дипломатӣ беэътиноӣ нишон додааст: “Эрон шуруъкунандаи ҷанг набуд. Аммо ҳеч гоҳ фиреби Амрикоро нахӯрд. Мо ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштем, зеро медонистем, ки Амрико ба дипломатия эътиқоди воқеӣ надорад”.
Ба гуфтаи ӯ, таъкиди пешакии мақомоти эронӣ, дар сурати ҳамла, ба ҷанги минтақаӣ табдил додани даргирӣ аз он дарак медод, ки Эрон ба дипломатияи Амрико боварие надошт.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи таъсири вазъи сиёсӣ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар, сафир таъкид кард, ки робитаҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон бидуни мушкил идома доранд.
“Тамоми содироту воридот фаъол аст. Дар ин хусус мо ҳеч гуна нигаронӣ надорем”,- гуфт сафир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ