Алии Лориҷонӣ кист?
Мақомоти Эрон тасдиқ карданд, ки Алии Лориҷонӣ, дабири Шурои амнияти миллии ин кишвар ва Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Басиҷ дар ҳамлаи Исроил кушта шудаанд.
Дар бораи кушта шудани ин ду фармондеҳи баландпояи эронӣ нахуст Исроил Катс, вазири дифои Исроил 17-уми март хабар дода буд. Шурои амнияти миллии Эрон қариб 12 соат баъд кушта шудани Алии Лориҷониро тасдиқ кард.
Лориҷонӣ зиёда аз чор даҳа дар сатҳи баландтарини сохтори ҳокимияти Ҷумҳурии Исломӣ фаъол будааст. Номи ӯ пайваста бо нуқтаҳои ҳассосу баҳсноки таърихи муосири Эрон – аз музокироти ҳастаӣ то вокуниш ба эътирозот пайванд хӯрдааст.
Аммо баъди оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрону кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ садои ӯ пуриқтидортар аз пеш шунида мешуд. Ӯ ба ҳар як таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳампаймонҳои ӯ қатъӣ вокуниш мекард.
Ахиран Амрико номи ӯро шомили феҳристе кард, ки барои пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо то 10 млн доллар мукофот дода мешавад.
Алии Лориҷонӣ соли 1957 дар шаҳри Наҷафи Ироқ, дар хонаводаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Пас аз инқилоби соли 1979 Лориҷонӣ ба Созмони садо ва симо (радио ва телевизион) пайваст ва солҳои 1981-1982 раиси воҳиди марказии хабар буд. Сипас, ба Сипоҳи посдорон рафта, то соли 1991 ба мақоми ҷонишини раиси ситоди муштарак расид.
Дар ҳукумати Рафсанҷонӣ Лориҷонӣ вазири фарҳанг ва иршод (1992-1993) шуд. Пасон, 10 сол (1994-2004) Созмони садо ва симоро роҳбарӣ кард. Соли 2005 котиби Шурои олии амнияти миллӣ таъин шуд. Соли 2008 Лориҷонӣ дар интихоботи Маҷлиси Шурои исломӣ (парлумон) аз ҳавзаи интихоботии Қум ба маҷлис роҳ ёфт ва раиси Маҷлис шуд. Ин мансабро аз соли 2008 то соли 2020 дар даст дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ