Ширкати 7 паҳлавони тоҷик дар Tbilisi Grand Slam-2026

Аз 20 то 22-юми марти соли 2026 дар пойтахти Гурҷистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо “Tbilisi Grand Slam-2026” баргузор мешавад, ки дар он ҷудокорони тоҷик низ ширкат мекунанд.

Ба ин мусобиқа то ҳол 437 ҷудокор (263 мард ва 174 зан) аз 54 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт ҷудокор шомиланд, ки инҳо Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза ва Озарахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг ҳастанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии ин мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони нишони нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида мешаванд. Паҳлавонон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз нишон соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *