Ёвон: Ифтитоҳи коргоҳҳои нав дар арафаи Наврӯз

18 март дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон як қатор коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, бо фаъолияти иншооти нав аз наздик шинос гардид.

Аз ҷумла, бо ташаббуси ҶДММ «Хуршеди Асадулло» коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонӣ бо маблағи 1,8 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 350 метри мукааб бетонро ташкил дода, барои қонеъ намудани талаботи бозори маҳаллӣ ва суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади таъмини фаъолияти босамари коргоҳ як адад техникаи соҳавии мехлопата ва ду адад автомиксер барои интиқоли бетон харидорӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои коргоҳ, Давлаталӣ Саид иқдоми соҳибкоронро дар самти рушди истеҳсолоти ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодии ноҳия баланд арзёбӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи чунин коргоҳҳо ба рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *