Хайрулло Назарзода: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ояндаи дурахшони шумост!
Довталабони гиромӣ!
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки 39 сол боз арзи ҳастӣ дорад, дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, 7 бинои таълимӣ, литсей, хобгоҳи 4-ошёна барои омӯзгорону кормандон, ду хобгоҳи 4-ошёна барои донишҷӯён, як толори варзишӣ, китобхонаи илмӣ, ду майдончаи варзишӣ, 3 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 10 кафедраи тахассусӣ, 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ, пажӯҳишгоҳи илмии бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.

Имрӯз донишгоҳ яке аз донишгоҳҳои бонуфуз ва базавии кишвар дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи иқтисод ва тиҷорат буда, дар асоси Литсензияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро амалӣ менамояд. Донишгоҳ тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи 37 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи докторантура аз рўи ихтисос (PhD) ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро тайёр менамояд. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии таълимӣ ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, бо тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Хатмкардагони донишгоҳ на танҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, балки дар ташкилоту ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ низ фаъолияти пурсамар доранд. Дар донишгоҳ 142 синфхона бо 4722 ҷойи нишаст, 12 синфхонаи компютерї, 3 озмоишгоҳи таълимӣ, 3 синфхонаи лингафонӣ, 840 компютерї, 130 проектор бо экран, 130 тахтаи электронӣ, 130 ноутбук ва 150 принтер мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Китобхонаи донишгоҳ аз ду толори хониши китобҳои муқаррарӣ бо 115 ҷойи нишаст, ду толори хониши китобҳои электронӣ бо 90 ҷойи нишаст ва 293 ҳазор нусха китоб иборат мебошад. Донишгоҳ дар байни донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аввалин шуда, соли 2005 ба низоми кредитии тањсилот гузашт.
Дар раддабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар зинаи 7-ум мавқеъ дорад. Донишгоҳ дорои иқтидори баланди илмию педагогӣ буда, дар он 205 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 195 нафарашон омӯзгорони доимӣ мебошанд. Барои хондани лексияҳо ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ба раванди таълими донишгоҳ намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ, инчунин роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳои кишвар ҷалб карда шудаанд. Яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди донишгоҳ таҳким ва тавсеаи равобити байналмилалӣ, ширкат дар барномаҳои гуногуни таҳсилоти байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад. Донишгоҳ беш аз 20 лоиҳаи муштараки таълимиро бомуваффақият амалӣ кардааст, ки аз ҷониби созмонҳо ва барномаҳои гуногуни байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Бо мақсади татбиқи ҳаракати академӣ донишҷӯёни донишгоҳ як нимсола дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар доираи барномаҳои байналмилалии табодул омӯзгорону донишҷӯён дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Италия, Испания, Чехия, Полша, Руминия, Словения, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра таҳсил намуда, донишу маҳорати касбиашонро сайқал медиҳанд.
Довталабони гиромӣ!
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки агар шумо ихтисосҳои донишгоҳи моро интихоб намоед, хайати устодону профессорони он, ки аз олимону мутахассисони варзидаи кишвар иборатанд, орзуҳои шуморо амалӣ мегардонанд.
Марҳабо, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!
Рамзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 106 мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ