Интиқоди Трамп аз НАТО
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ки бисёре аз ҳампаймонҳои ИМА дар НАТО гуфтаанд, хоҳиши иштирок дар амалиёти низомӣ алайҳи Эронро надоранд. Ӯ ин иқдомро “хатое бисёр аҳмақона” хонд.
Президенти Амрико рӯзи 17-уми март дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: “Кишварҳои узви НАТО аз ҷанги якҷояи Амрико ва Исроил, ки акнун вориди ҳафтаи севум шудааст, ҳимоят мекунанд, аммо намехоҳанд дар он иштирок дошта бошанд”.
Пас аз он ки Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил бо истифода аз паҳподу мушак ва минаҳо амалан ҳаракати нафткашҳоро дар тангии Ҳурмуз баст, раисҷумҳури Амрико аз кишварҳо хост дар таъмини амнияти ин оброҳа ёрӣ кунанд, вале муттаҳидони Амрико дархости Трампро барои ҳимояти низомӣ рад карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ