Ҳангомаи Суҳроб ва Мутриба дар Панҷакент

Нимаи дуюми моҳи август дар шаҳри Панҷакент чемпионати Тоҷикистон оид ба шатранҷ, баргузор шуд, ки бо пирӯзии Суҳроб Ҳамдамов ва Мутриба Ҳотамӣ ба анҷом расид.
Тавре ки интизор мерафт, дар мусобиқа байни занон Мутриба Ҳотамӣ аз 11 холи имконпазир 11 хол касб карда, зинаи аввалро ишғол намуд.
Натиҷаи ҳангомавӣ дар ин мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намудани Сабрина Абророваи 10-сола мебошад, ки дар мактаби рақами 55-и пойтахт таҳсил мекунад. ӯ бори аввал дар мусобиқа миёни калонсолон иштирок карда, аз 11 холи имконпазир 10 хол ба даст овард. Миёни занон Сарвиноз Каримова бо 8,5 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Дар қувваозмоиҳо миёни мардон Суҳроб Ҳамдамови соҳибтаҷриба 9 хол ба даст оварда ва пирӯз дониста шуд. Зинаи дуюму сеюмро бо 8,5-холӣ Амин Қобилов ва Алишер Каримов ишғол карданд.
Ба наздикӣ шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқаи Фестивали бозиҳои миллии Тоҷикистон дар Душанбе (7-9 сентябр) ва Бозиҳои Осиё дар биноҳои пӯшида дар Ашқобод (Туркманистон, 17 сентябр) иштирок хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *