Арабистони Саудӣ соли нави мелодиро ҷашн мегирад

Арабистони Саудӣ эълом кард, ки дар идомаи тағйироти иҷтимоӣ-фарҳангӣ барои аввалин бор дар таърихи кишвараш, ҷашни соли нави мелодиро баргузор мекунад.

Саҳифаи твиттерии “Колиндар ас — Саудия” (Тақвими Саудӣ), ки ба паҳну хабардор кардани маросимҳо ва ҷашнҳо дар Арабистон мепардозад, бо эълони ин хабар навиштааст, ки ин маросим 31- уми декабр дар шаҳри Ар-Риёз ва Сахараи Арабистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин ҷашн ҳамчунин қарор аст оташбозӣ ва баргузории мусиқии DJ ва маросими иҷрои таҳвили соли нави мелодӣ дар канори дигар фаъолиятҳо баргузор шавад.

Баргузории ин маросим аз замони эълони он, интиқодоти бисёре аз корбаронро барангехтааст. Солеҳ ал-Фавзон, узви ҳайати уламои саудӣ, пеш аз ин гуфта буд, ки ҳузур дар маросимҳои оғози соли мелодӣ ҳаром ва бидъати шаръӣ аст.

Ингуна маросимҳо дар чорчӯби иқдомоте аст, ки Муҳаммад бен Салмон аз замони валиаҳдии худ оғоз карда, ки аз онҳо ба унвони “ислоҳот” ёд мешавад. Созмони “Саргармӣ”-и Саудӣ ба риёсати Туркӣ Оли Шайх, ки дар соли 2016 таъсис шудааст, мутаваллии баргузории чунин маросимҳост.

Баргузории ин маросим дар ҳолест, ки бузургтарин консерти DJ-и Ховари Миёна низ 19 то 21 декабр дар Арабистон баргузор шуд ва ҳаҷми обрӯрезии ахлоқӣ ба ҳадде буд, ки занон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори тафкики мардону занон дар ин гуна маросимҳо шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *