Қатли шавҳар, ҳалокати пиёдагард, дуздии мағзи писта ва дигар хабарҳои ВКД

Боздошти як нафар зан бо гумони қатли шавҳар

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи муваққатан истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, зодаи ш.Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 10-уми январи соли 2019, тахминан соати 23:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 34-солаи сокини деҳаи Гулбутта ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба тарафи чапи баданаш задааст.
Дар натиҷа, шавҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз хунрезии зиёд ба худ наомада дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳалокати пиёдагард бар асари садама дар шаҳри Истаравшан

Рӯзи 11-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 16:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юлдошев Азизҷон Алиевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷи ш.Истаравшан аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муъминов Зубайдулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Чавкандозро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Муъминов З.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дуздии 54 кило мағзи писта дар шаҳри Конибодом

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрвандон: марди 58 ва 47-солаи сокинони шаҳри Конибодомро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Номбурдагон, дар давоми рӯзҳои 10-ум то 16-уми декабри соли 2018 аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо тариқи девор ба хонаи истиқоматии 66-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо 54-килограмм мағзи пистаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 20-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 73-солаи сокини кӯчаи Сӯзангарони ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми январи соли 2019, тахминан соати 03:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи “ДЭУ-Матиз”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия автомашинаи мазкур аз ҳудуди деҳаи Санги кабуди шаҳри мазкур дарёфт гардида, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил марди 33-солаи сокини кӯчаи Сузангарон дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *