Пирӯзии Шарапова дар Australian Open
Теннисбозбонуи рус Мария Шарапова баъди тамринҳои зиёд ва барқарор намудани вазъи саломатии худ дар мусобиқаи кушоди «Тоскулоҳи бузург» Australian Open иштирок намуд. Ӯ дар даври аввал бо намояндаи Британияи Кабир Хэрриет Дарт дидор анҷом дода, бо ҳисоби – 6:0, 6:0. ӯро шикаст дод. Дар даври навбатӣ бошад Шарапова бо теннисбозбонуи шведӣ Ребекка Петерсон рақобат хоҳад кард.
Мелбурн (Австралия)
Мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” Australian Open
Бонувон
Даври аввал
Мария Шарапова (Россия, 30) – Хэрриет Дарт (Британияи Кабир, Q) – 6:0, 6:0
Ребекка Петерсон (Шведсия) – Сорана Кирстя (Руминия) – 6:4, 6:1
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ