Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, шабона боридани  барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва   рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 12-17  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд     рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар дигар ноҳияҳо то 13-18 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 8-13  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани борони суст дар назар буда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 ва рӯзона     7-12  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе шабона борони суст меборад. Рӯзона  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш  шуда, туман мефарояд.    Ҳаво  шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *