«Ҳаво йуллари»: Аз парвозҳо ба Душанбе фоида намебинем

Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки барои истифодаи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» сабукӣ диҳад.

Масъулони «Ҳаво йуллари» мегӯянд, ки нархи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барояшон хеле гарон аст ва аз ҳар парвоз аз 5 то 8 ҳазор доллар зарар мебинанд. Дар тӯли як соли ахир ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медиҳад.

Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе гуфт, нархи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хеле гарон аст. Ба қавли ҷаноби Рӯзимуродов, мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба чандин дархостҳои онҳо дар бораи коҳиш додани нарх посух надоданд ва баръакс моҳи октябри соли гузашта нархро барои ҳама боло бурданд.

«Ҳоло тамоми маблағи фурӯши чипта танҳо барои пӯшиши хадамоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарф мешавад ва ширкат аз ин парвоз фоидае ба даст намеорад. «Мо феълан фақат барои ташаккур парвоз анҷом медиҳем. Мо илтимос кардем, ки барои дӯстӣ нархро паст кунед. Ҳеҷ набошад нархро як сол паст кунед, мо камтар аз бозори Тоҷикистон даромад гирем, баъд баланд кунед. Инҳо хуб-хуб гуфта, аз 1 октябр боз нархро баланд карданд», — гуфт Орифҷон Рӯзимуродов.

Ба қавли Рӯзимуродов, нархи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз фурудгоҳи Тошканд се баробар гаронтар аст. Вай мегӯяд, ҳоло ҳар ҳафта аз Душанбе ба Тошканд як парвоз анҷом медиҳанд ва дар ҳар парвоз аз 30 то 50 мусофир сафар мекунанд.

Парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд як соли ахир идома дорад. Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд. Ин тасмим дар моҳи апрели соли гузашта ва баъд аз 25 соли «танаффуси иртиботи ҳавоӣ» миёни Тошканду Душанбе гирифта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *