Ҷоми КФО-2018: «Алай»- «Истиқлол» — 2:3!

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол» бозии даври чорумашро дар гурӯҳи «Д» барои ёфтани роҳхат ба финали Ҷоми КФО-2018 бо дастаи  «Алай»-и Уши Қирғизистон дар меҳмонӣ  бо талоши зиёд ба фоидаи худ анҷом дод -2:3!

Голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 90+2-юм ҳамлагар Дилшод Восиев, ки дар қисми дуюми бозӣ ба майдон баромад, зад.

Футболбозони  тоҷик  пас аз ин сохиби 10 хол шуда, дар гурӯҳаш пешсаф гардид. То анҷоми марҳилаи  гурӯҳӣ «Истиқлол» ду бозии дигар мегузаронад:  1 май дар Ашқобод  бо «Аҳал»-и Туркманистон ва 16 май дар майдони худ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон вохӯрӣ доир менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *