Аввал бо табар заду баъд ба чоҳ андохт

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 23-сола, ки дар одамкушӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод
Тавре Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, зимни як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонба 9-уми декабри соли равон, аз ҳиссиёти рашк нисбати ҳамсараш, марди 33-солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст.Баъд аз куштани рақибаш ҷинояткор барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади марҳумро ба чоҳи об партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, гуфта шудааст дар хабари дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *