Аввалин генералзани тоҷик даргузашт

Аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева дар синни 73-солагӣ даргузашт.

Саодат Амиршоева 10 ноябри соли 1953 дар деҳаи Парнаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Ӯ мушовири давлатии адлияи дараҷаи III (1999) ва Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) мебошад.

Номбурда хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) буда, фаъолияти касбиашро аз вазифаи нотариуси давлатии Идораи 2-юми нотариалии шаҳри Душанбе (1972–1975) оғоз кардааст. Минбаъд ҳамчун сарнотариуси Идораи 1-уми нотариалии шаҳри Кӯлоб (1975–1985), судяи суди халқии шаҳри Кӯлоб (1987–1993) ва сардори идораи адлияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1993–2008) фаъолият намудааст.

Саодат Амиршоева ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ дар давраи вакили парлумон буданаш аз мухолифони дузанагӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Маросими ҷанозаи Саодат Амиршоева имрӯз, 14 январ, соати 13:00 дар ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа, деҳаи Орзу (наздики гардиши Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар) баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *