Чин барои зиёд кардани аҳолӣ тадбирҳо меандешад
Сар аз аввали моҳи январ сокинони Чин бояд барои воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ(рифола) 13 фоиз андози фурӯш пардохт кунанд. Ин дар ҳолес, ки хизматрасониҳои нигоҳубини кӯдак аз андоз озод мешаванд. Ин тадбирро дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон бо ҳадафи боло бурдани сатҳи таваллуд роҳандозӣ кардааст.
Ислоҳоти густардае, ки охири соли гузашта дар низоми андозбандӣ эълон шуд, бисёр имтиёзҳоеро бекор мекунад, ки аз соли 1994 амал мекарданд. Он замон Чин ҳанӯз қонуни чандинсолаи «як кӯдак дар оила»-ро татбиқ менамуд.
Ҳамчунин хизматрасониҳои вобаста ба ақди никоҳ ва нигоҳубини пиронсолон аз андози арзиши иловашуда озод карда шудаанд. Ин чораҳо бахше аз талошҳои васеътар мебошанд, ки ҳамчунин тамдиди рухсатии волидайн ва пардохти кӯмакпулиҳои нақдиро дар бар мегиранд.
Дар шароити пиршавии аҳолӣ ва суст шудани иқтисод, Пекин мекӯшад ҷавонони чинӣ бештар издивоҷ кунанд ва оилаҳо соҳиби фарзанд шаванд.
Тибқи омори расмӣ, аҳолии Чин барои соли сеюм пайдарпай коҳиш ёфтааст ва соли 2024 ҳамагӣ 9,54 миллион кӯдак ба дунё омадааст. Ин нишондиҳанда қариб нисфи шумораи таваллудҳост, ки даҳ сол пеш сабт мешуд, замоне ки Чин тадриҷан маҳдудиятҳоро дар шумораи фарзандон сабуктар карданро оғоз карда буд.
Ҳоло аҳолии Чин ба 1,414 миллиард баробар мебошад, ки таи ду соли охир рӯ ба камшави овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ