Манижа ва Наҷиба

Аз ҳофизӣ дар қасри Амири Бухоро то саҳнаи Eurovision

Суҳбат бо зане, ки духтарашро аз фарш ба арш бардошт

“Чунин манзараро интизор набудам. Аммо хилофи пиндорам, Манижаро дар ватанаш Тоҷикистон бо нидои «урра» ва кафкӯбӣ истиқбол гирифтанд”, мегӯяд модари овозхони номдори тоҷик дар Русия Наҷиба Усмонова. Духтари нависанда, муҳаррири «Тоҷикистони сурх» (солҳои чил) Тоҷӣ Усмон дар суҳбат бо Шариф Ҳамдампур ошкоро аз дастовард ва асрори ниҳони Манижа Сангин суҳбат орост. 

Тобиши рангҳо ва задани набз

— Шумо модар ҳастед. Модар фардои тифлашро ҳанӯз дар батн эҳсос мекунад. Чӣ тавр фаҳмидед, ки Манижа овозхон мешавад?

— На танҳо фаҳмидам, балки медонистам, ки Манижа овозхони машҳур мешавад. Ӯ аз панҷсолагӣ суруд мехонд, 12-сола буд, ки дар озмунҳо иштирок, дар консертҳо баромад мекард. Ман ба истеъдоди фарзандам бовар доштам. Аммо тамошобин нашудам. Таҳсилу таътилашонро барномарезӣ мекардам. Ҳамроҳашон кору кору кор… мекардам. Медидам, ки амалеро ба сомон расонида метавонад, дар паҳлуяш қарор мегирифтам. Гоҳо ӯро ба ҳолаш мегузоштам.

Вақто инсон касбашро дӯст медорад, касбаш ба худаш писанд аст, бо завқ машғули он мешавад, фикру зикраш, ҳастиашро ба он мебахшад. Агар ангезае дар вуҷудаш буд, чун рангҳо ба тобиш, чун набз ба задан медарояд. 

Ману модарам — ду зан дар Манижа оғози бузургро дидем, ӯ хеле хуб месарояд ва метавонад муваффақ бошад. Мо дар муҳоҷират хонаи мардумро рӯбучин мекардем, пул кор мекардем ва таҳсилу тамринашро пардохт менамудем.

— Шояд инҷо нақши ирсият ҳам бошад. Зеро амаки шумо дар дарбори амири Бухоро ҳофиз буданд. Баъд, ба фикрам, амир ӯро ба қатл расонд

— Бале, амакам Алӣ дар дарбори Амир Олимхон ҳофиз буданд. Аввалҳои асри ХХ дар Бухоро зидди амир ошӯбҳо сар заданд. Он кас аз дасти беадолатӣ ба ин ошӯбҳо даромехтанд ва ба ҷонибдории мардуми мазлум шеър гуфтанд. Одамони амир он касро занҷирбанд карда, ба зиндон андохтанд, баъдан сарашро аз тан ҷудо карданд. Падарам Тоҷӣ Усмон шоҳиди ин ҳодиса буданд, аммо аз модаркалонам қариб то охири умр ин фоҷиаро пинҳон доштанд. Мегуфтанд, ки Алӣ дар Бухорост, меояд. Модаркалонам дар Хуҷанд зиндагӣ доштанд, ҳар бегоҳ ба кӯча баромада, бо чашми чор роҳи Алиро мепоиданд. Падарам чанд рӯз пеш аз марг хабари марги Алиро ба модарашон гуфтанд.

— Манижа аз кадом табор буданашро медонад? Медонад, ки набераи муҳаррири “Тоҷикистони советӣ”, нависанда Тоҷӣ Усмон аст?

-На танҳо медонад, балки бо табораш ифтихор дорад. Падарам Тоҷӣ Усмон ҳамнишини Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев… буданд. Форсиро хуб медонистанд, солҳо фиристода дар Эрон буданд, аз суҳбатҳояшон бо Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ гап мезаданд. Шумо иртиботи ҳамсари Бобоҷон Ғафуров Капиталина Александровнаро бо хонадони мо медонед? Қиссаи бисёр дилошӯб ва риққатовар. Аммо дар ин бора дафъаи дигар нақл мекунам.

Бубинед, ирсият кори худро кард, Манижа овозхони маъруф шуд ва дар озмуни «Евровидение» ғолиб омад.

— Ӯ ба даҳгонаи беҳтаринҳо дохил шуд, аммо баҳо муҳим нест. Зеро, ҳама медонанд, ки ин озмуни сиёсист ва ӯ ягона ҳунарманд дар «Евровидение» аст, ки дар чаҳор номинатсия ғолиб омадааст.

Дар кадом номинатсияҳо?

— «Барномаи беҳтарин», «Либоси беҳтарин», «Паёми беҳтарин» ва «Услуби беҳтарин».

Дар замини худ бегона, дар замини бегона ҳанӯз худӣ не

— Биёед бармегардем ба Манижа. Ӯро дар Душанбе тамошобинон чӣ гуна қабул карданд?

— Олиҷаноб. Вақте ки Манижа суруди «Недославянка»-ро сароид (дар суруд суханҳои «вақте ки ман дар замини худ аллакай бегона ҳастам ва дар замини бегона ҳанӯз худӣ нестам» мавҷуданд), толор ба ҷӯш омад: “Бегона не! Ту бегона нестӣ! Ту худиӣ!”. Ин хеле таъсирбахш аст, зеро вақте мефаҳмиву медонӣ, ки аз ҷониби мардум сарусадоҳои манфӣ ҳам баланд мекунанд (хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки менавиштанд: “Манижа, чаро ба ин ҷо меоӣ?” ва ғайра), ба андеша меравӣ. Аммо онҳо чанд нафаре буданд, ки як навъ кина дар дил ва ё нофаҳмӣ доранд. Вале, дар умум, мардум ӯро дӯст медоранд, мешиносанд, ҳама наздик меоянд ва мегӯянд: “Мо бо ту ифтихор дорем!”. Аз ин суханон Манижа меболид, чун кӯдак болу пар мебаровард. Эътирофи ҳамватанон хеле муҳим аст.

Аз Eurovision то саҳнаи бузуртарин кишварҳои дунё

— Чӣ гуна Манижа ба Eurovision роҳ ёфт?

— Ин роҳ дурудароз буд. Ӯ ибтидо сарояндаи поп шуд, вале аз он даст кашид, гарчанде муваффақ буд. Ва ӯ, чунон ки мегӯянд, дар уқёнуси эҷод “шиновари озод” шуд. Баъдан ӯ як санъаткори комили мустақил шуд, сурудҳое навишт, ки ӯро машҳур карданд. Ҳамин тавр дар ҷаҳон маъруфият пайдо кард.

— Вақте Манижа дар Eurovision иштирок мекард, шумо дар куҷо будед?

— Ҳамеша канораш будам.

— Даме, ки шоҳиди кафкӯбиҳо, гулпошиҳо, овоздиҳиҳои бемисл шудед, чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт?

— Дар интернет навори аҷиби лаҳзаи мухлисии мо дар толор мавҷуд аст. Мо болои суфае нишаста будем, ки дар канораш парчами кишварамон насб шуда буд. Умуман, дар Eurovision ташкили кор дар сатҳи олист. Манижаро дар онҷо дӯст медоштанд. Зеро, ӯ аллакай аз зинаҳои муҳим гузашта буд. Боре роҳбари дафтари матбуоти Eurovision ба наздам ​​омада, гуфт: «Медонед, ки Манижа аз рӯи натиҷаи ҷустуҷӯи Google дар ҷои аввал аст?». Ман нобоварона гуфтам: «Шӯхӣ мекунед?». Дар ҷавоб гуфт: «Google системаи ҷустуҷӯии ҷаҳонӣ нишон дод, ки дархости «Манижа. Eurovision» дар ҷои аввал қарор дорад. Шумо ҳатто аз тамоми рӯйдодҳои сиёсӣ пеш гузаштед».

— Манижа чанд овоз гирифт?

— Дар он ҷо чанд овоз аст, намегӯянд. Овоздиҳии аудитория, овоздиҳии продюсерӣ — ду натиҷаи овоздиҳӣ вуҷуд дорад. Яке расман дар телевизион нишон дода мешавад, дигаре — дар дохил. Ва боз овоздиҳии матбуот. Рӯзи аввал аз рӯи натоиҷи овоздиҳии матбуот ва ҳайати доварони дохилӣ ӯ дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

— Шумо модар, продюсер ҳастед. Бигӯед, сирри муваффақияти Манижаро дар чӣ мебинед?

— Дар меҳнатдӯстӣ, қалби ӯ. Ӯ хеле меҳрубон, пуртаваҷҷуҳ, фикраш шоирона аст. Дар оилаи мо фазои хуб ҳукмфармост. Мо бо ӯ на танҳо модару духтарем, дӯст, шарикони тиҷоратӣ низ ҳастем. Баъзан баҳсу мунозира мекунем, якдигарро намефаҳмем, вале ҳамеша ба ҳамфикрӣ меоем. Пеш аз ҳама, ман ба ақидаи ӯ эҳтиром мегузорам ва ӯ низ фикри маро эҳтиром мекунад.

Мо бунёде бо номи «Силсила» дорем, ки бо маблағҳои шахсӣ фаъолияти онро пеш мебарем.

— Дар он чанд нафар кор мекунанд?

— Ҳудуди 11 нафар. Бунёд ба муҳоҷирон, гурезагон ва заноне, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, кумак мерасонад. Ин хароҷоти хеле калон аст. Барои нигоҳ доштани фаъолияти бунёд бисёр чиз сарф мешавад.

Бунёд расман як сол пеш ба кор шуруъ кард, аммо қабл аз он 4-5 сол дар дохили кишвар (Русия) кор мекардем, ба муҳоҷирон ва гурезаҳо аз ҷиҳати молиявӣ кумак мерасонидем. Инро одамон, ҳамватанони мо тасдиқ мекунанд. Дар замони пандемия пули иҷораи манзили истиқоматии зиёд одамон ва маблағи ғизояшонро додем. Барои ба Душанбе расонидани бархе кумак кардем. Ин ҳама корро аз ҳисоби худ анҷом додем. Дар воқеъ, он чизе, ки мо ба даст меорем, барои рушд истифода мебарем, барои хайрия сарф мекунем.

Буд ҳолате, ки миёни шумо ва Манижа ихтилофе, шояд дар заминаи эҷодӣ, ба миён омада бошад?

— Чӣ хел фаҳмонам? Ман ба андешаҳои ӯ гӯш мекунам. Ҷавонон дар бораи чӣ гуна рушд кардани соҳа назари худро доранд, масалан, оид ба шабакаҳои иҷтимоӣ. Онҳо мефаҳманд, ки дар куҷо ва чӣ бояд навишт. Ва ман танҳо гуфта метавонам, ки ин ба ман маъқул шуд ё не. Дар ҳамин маврид миёни мо ихтилофи назар ба миён меояд. Вале агар чизе ба ман маъқул набошад, ҳамеша ошкоро барояш мегӯям: «Ин бад аст, мо ин корро намекунем». Ӯ ба исбот кардан оғоз менамояд, ки ин бояд ин тавр бошад… Аммо ман PR-директор, як командаи калон дорам. Ман бо ҳама мунозира оғоз мекунам ва якҷоя ба як хулосаи умумӣ меоем.

— Аз мақола ва гузоришҳоятон бармеояд, ки “навозиш” —  карданҳои Манижа  бо истифода аз луғати гастарбайтер ба иззати нафсатон мерасид. Чӣ гуна тавонистед аз ин варта берун оед ва Манижа шуҳратёр шуд?

— Аламовар буд, вақте “ Ман тоҷик” мегуфтӣ, дарҳол ба ту нигариста, мегуфтанд: «- Аа, гастарбайтери бесавод». Чунин рафтор ҳамеша маро ба хашм меовард. Фикр мекардам: «Чаро ин тавр аст!? Тоҷикон таърихи бой доранд, миллати бузурги таҳсилдидаанд. Хуб, чунин иттифоқ афтод, бозсозӣ, мардум дар шароити сахти иқтисодӣ қарор гирифтанд, муҳоҷир шуданд. Гуноҳи онҳо дар чист!”. Аммо  «гастарбайтер»-ро ба одами бесавод нисбат медоданд. Пайваста  маҷбур будам собит созам, ки ҳар касе метавонад гастарбайтер бошад. Ҳоло ба иртиботи ҳодисаҳои ахири Русия мафҳуми нақли макон (релекант)рохистифода мебаранд.  Ман ба дӯстонам, ки Русияро тарк кардаанд, механдаму мегӯям: “Шумо куҷо релекант ҳастед? Шумо гастарбайтеред». Пеш, мегӯям, муҳоҷир будед, ҳоло релекантед. Дар ҷавоб механданду мегӯянд: «Ин луғати нав аст». Аммо маъно якест. Муҳоҷир, эмигрант, гастарбайтер — шахсоне мебошанд, ки шароит маҷбур сохтааст, барои таъмини зиндагӣ ҷои зисташонро иваз кунанд, кор ҷӯянд.

— Наҷиба, ҳоло Манижа чеҳраест, ки на танҳо дар Русия, балки дар хориҷи он эътироф шудааст. Дар бархӯрди тамошобини рус нисбати ӯ дигаргунӣ дида мешавад?

— Аслан ӯ барои бисёриҳо, махсусан барои русҳо қаҳрамони миллӣ шуд. 120 000 шарҳ зери видео ва 19 миллион тамошо шаҳодати ин гуфтаанд. Буданд онҳое, ки даҳон пури кафк, мегуфтанд: “Чӣ гуна зани тоҷик Русияро муаррифӣ карда метавонад?!”. Ман аз ин ҳайрати онҳо дар ҳайратам. Алсу чӣ? Ӯ ҳам рус нест. Киркоров ва боз бисёре аз ҳунармандони ғайрирус Русияро дар Eurovision муаррифӣ карданд. Пас, чаро зани тоҷик, ки шаҳрванди Русия аст, ҳақ надоштааст ин корро кунад? Ана ҳаминҷо нажодпарастӣ ба миён омад. Бубинед, ки дар шарҳҳо чӣ навишта шуд: «Рав, дар дўкони худ кор кун! Полшӯяк бигиру фаршро шӯй! Забони русиро ёд гир! Ту куҷову русҳо куҷо!». Ин миллатчигии хашин буд. Вале ин ба ҳамаи мардуми рус хос нест. Офарин ба Манижа, ки худдорӣ кард ва ман ӯро дастгирӣ кардам.

Русия кишвари сермиллат аст. Зиёда аз 100 миллату халқиятҳо дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.

— Зиёда аз 180. Аммо, ҳодисаи аз ҳама аҷоиб дар Норилск рӯй дод. Сокинони маҳаллӣ бо чунин суханон ҷониби мо давиданд: “Мо ба шумо овоз додем, мо шуморо дӯст медорем, шумо аз Русия, шумо намояндаи мо ҳастед”. Хеле гуворо буд, вақте пиразане омадаву Манижаро ба оғӯш гирифт ва гуфт: «Офарин ба ту! Аз чизе натарс!». Он вақт ман фаҳмидам, ки Русия воқеан сермиллат аст.

— Манижа дар Русия зиёд консерт медиҳад?

— Не. Ин ба иртиботи ҳодисаҳои сиёсии ахир аст, ки дар ин бора гап задан намехоҳам. Аммо зиёд ба гастрол меравад. Мо дар Арманистон баромади хуб кардем. Шумо тасаввур карда наметавонед, ки Манижаро дар он ҷо чӣ тавр қабул карданд! Дар Гурҷистон консерт додем. Онҷо ба мо бо нидои «мудлоба» хитоб мекарданд. Ҳайрон шудам, ки «мудлоба» чист?  Маълум шуд, ки “ташаккур” будааст. Ҳунармандони машҳури Гурҷистон паси саҳна омадаву мегуфтанд: “Раҳмат барои духтарат, раҳмат барои чунин мусиқӣ”.

Дар Ӯзбекистон низ чун дар Алмаато таронаҳои Манижаро ҳанӯз пеш аз ба саҳна баромаданаш месароиданд ва баъдан намехостанд ӯро раҳо кунанд. Ин аҷиб аст! Бубинед, дар зиндагӣ чизе худ аз худ рӯй намедиҳад. Ин вазъият, яъне манъ кардани консертҳо имкон дод, ки мо чашмони худро васеътар кушоем. Ҳаракат мекунӣ ва дар атрофат одамонеро мебинӣ, ки мисли худат фикр мекунанд, мисли худат зиндагӣ мекунанд.

Дар Маскав ин ба назар намерасад. Вақте ки ба ноҳияҳо меравӣ, мефаҳмӣ, ки зиндагӣ дигар аст. Хеле гуворо буд. Вақте одамон дар Алмаато ба толор даромада наметавонистанд, дар кӯча истода, суруди Манижаро мехонданд. Ӯ ҳанӯз ба саҳна набаромада буд, вале тамошобинон аллакай таронаҳояшро месароиданд.

Ҳоло нияти сафар ба кадом кишварҳоро доред?

— Мо як гастрол доштем, ки консерти ниҳоии он дар Душанбе баргузор шуд. Фасли баҳор бошад, дар Алмаато, Исроил, Олмон (4 консерт), Кипр, Дубай ва баъдан ҳудуди 16 консерт дар Амрикову Канада дорем. Сафари бузурге дар пеш аст.

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *