Аз 18 то 20 май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад

Дар Тоҷикистон рӯзҳои 18-20 май ҳавои номусоид дар назар буда, болоравии сатҳи оби дарёҳо, хатари омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар пешгӯӣ мешавад.

Тибқи иттилои ҳавошиносон, рӯзҳои 18 ва 19 май бар асари боришот сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обиҳинг, Вахш, Яхсу, Қизилсуи ҷанубӣ ва инчунин дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло меравад.

Ҳамзамон, аз 18 то 20 май дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад. Танҳо дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин ҳолат пешбинӣ намешавад.

Илова бар ин, рӯзи 18 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бадшавии сифати ҳаво дар назар аст. Сабаби он тӯфони чангу ғубор ва тирагии ҳаво арзёбӣ мешавад, ки аз самтҳои ҷануб ва ҷанубу ғарб ворид мегардад.

Ба иттилои мутахассисон, дар ҳаво зиёдшавии миқдори зарраҳои чанг, аз ҷумла PM-10 ва PM-2.5, пешбинӣ шудааст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз сафарҳои нолозим ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *