Моҳҷон Назардодова – ҳунарманди барҷастаи Бадахшон ва ҳофизи халқӣ (видео)

Имрӯз, 18 май Моҳҷон Назардодова, овозхон ва навозандаи маъруф, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ 18 майи соли 1918 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Ӯ яке аз чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии Бадахшон маҳсуб ёфта, ҳамчун иҷрокунандаи шинохтаи сурудҳои базмии маҳаллӣ шуҳрат пайдо кардааст.

Соли 1952 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғро хатм намуда, баъдан дар вазифаҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ бурдааст. Бо вуҷуди фаъолияти омӯзгорӣ, меҳри санъат ҳамеша дар қалбаш ҷой дошт.

Моҳҷон Назардодова аз овони кӯдакӣ ба сарояндагӣ шавқу рағбат зоҳир намуда, пайваста дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат иштирок мекард. Овози ширину дилнишин ва истеъдоди фитрии ӯ сабаб гардид, ки миёни мардум маҳбубият пайдо намояд.

Дар репертуари ҳунарманди номӣ асосан суруду таронаҳои лирикии мардуми Бадахшон ҷой доранд. Аз ҷумла, таронаҳои маъруфе чун «Эй парӣ», «Сабзак», «Муборак бод» (халқӣ), инчунин «Тоҷикистон» ва «Ватан» (аз Т. Пӯлодӣ) аз ҷониби ӯ бо маҳорати баланд иҷро шудаанд.

Барои саҳми арзандааш дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ, Моҳҷон Назардодова бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *