Бемориҳои моҳи май. Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

Моҳи май низ фаро расид. Ҳаво аллакай гарм шуда, меваҳои пешпазак пухта мерасанд, табиати диёрамон боз ҳам зеботар гашта, шавқу завқи ба сайру тамошо баромадан дар дил ҷӯш мезанад, вале баъзе бемориҳое ҳастанд, ки метавонанд маҳз дар ҳамин давра якбора авҷ гирифта, ҳоли касро табоҳ созанд.

Мехоҳед донед, ки кадом бемориҳо айши касро дар моҳи май талх гардонида метавонанд ва барои пешгириашон чӣ бояд кард?

Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

3 душмани саломатӣ дар моҳи май

Иди Ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва дигар идҳоро дар моҳи май бо тани сиҳат ва табъи болида гузаронидан хоҳед, ҳатман 3 гурӯҳи бемориҳоеро, ки бештар дар ин моҳ хуруҷ мекунанд, пешгирӣ намоед. Душманони асосии саломатии инсон дар моҳи май инҳоянд:

1. Иллатҳои меъдаю рӯда;

2. Бемориҳои дилу рагҳо;

3. Захму ҷароҳат бардоштан.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

Шахсоне, ки ба бемориҳои системаи узвҳои ҳозима, аз ҷумла илтиҳоби меъда – гастрит, захми меъда, санги талхадон ё иллатҳои ғадуди зери меъда гирифторанд, бояд дар ин давра ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, аз истеъмоли хӯрокҳои сахту бирёнӣ ва серравған худдорӣ намоянд. Махсусан хӯрдани гӯшти бирёншуда бо картошкабирён ва макарон зарарнок буда, метавонад боиси авҷ гирифтани дарди меъда ё талхадон гардад.

Ногуфта намонад, ки нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ низ дар моҳи май метавонад боиси хуруҷ намудани бемориҳои узвҳои ҳозима гардад.

Ҳангоми корҳои деҳқонӣ эҳтиёт бошед

Моҳи май мавсими корҳои полезӣ мебошад ва аксар вақт маҳз ҳангоми дар замин кор кардан фишори хуни одам баланд ё паст мешавад. Якбора баланд шудани фишор метавонад боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш, аз қабили гирифтор шудан ба инфаркт ё инсулт гардад, бинобар ин, эҳтиёт шудан шарт ва зарур аст. Ин махсусан ба шахсоне далх дорад, ки дар ҳаёти рӯзмарра бо корҳои идоравӣ машғуланд ва зери кондитсионер, дар ҳавои салқин нишаста, кор мекунанд. Маъмулан, вақте чунин одамони аз лиҳози ҷисмонӣ нозук бо корҳои деҳқонӣ машғул шуда, зери офтоби сӯзон меҳнат мекунанд, якбора ҳолашон бад шуда, сар чарх мезанад ё дилашон беҳузур шуда, таппиши дил зиёд мешавад.

Дар чунин ҳолатҳо ҳатман фишори хунро санҷида, чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.

Аксари одамон дар рӯзҳои гармо истифода бурдани малҳами аз офтоб муҳофизаткунандаро фаромӯш мекунанд, ки боиси сӯхтани пӯсти рӯй ва бадан гашта метавонад. Хоҳед, ки зебою ҷавон монед, дар моҳи май ҳатман аз малҳами аз офтоб муҳофизаткунанда истифода баред.

Ҷароҳат бардоштед, чӣ бояд кард?

Дар моҳи май ҳодисаҳои ҷароҳат бардоштани одамон низ якбора зиёд мешаванд. Наврасон ва ҷавонон бештар ҳангоми велосипедронӣ ё рондани мотороллер афтода, пой ё дасташонро захмӣ месозанд, бинобар ин, волидон бояд фарзандони худро беназорат нагузоранд. Дар сурати афтодан ё ҷароҳат бардоштан ҳатман ба табибони шикастабанд муроҷиат намуда, мавзеи осебдидаро аз ташхиси рентгенӣ гузаронидан лозим аст. Агар устухон шикаста ё осеб дида бошад, гаҷбандӣ мекунанд.

Одамони нисбатан калонсол ҳангоми иҷрои корҳои гуногуни сохтмонӣ ё кишоварзию боғдорӣ бо асбобҳои барқӣ бештар ҷароҳат мебардоранд. Аз ин рӯ, ҳангоми кор бо дилхоҳ асбоби барқӣ эҳтиёт намудан лозим аст, чунки суръати кори асбобҳои барқӣ бениҳоят баланд аст ва ҳатто як лаҳзаи бепарвоӣ метавонад боиси сар задани ягон фалокат гардад.

Албатта, одамизод аз хатарҳо ба пуррагӣ эмин монда наметавонад, мабодо аз беэҳтиётӣ худи шумо ё фарзандонатон захмӣ гашта бошед, фавран ҷойи захмро бо спирт, антисептик, йод ва дигар маводҳое, ки барои тоза кардани захмҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, пок кунед.  Дар сурати сар задани хунравӣ ҷойи захмро маҳкам баста, фавран ба духтур муроҷиат намудан лозим аст.

Инҳо буданд чанд тавсияи муҳим дар боби бемориҳои маъмулии моҳи май. Саломатии худ ва наздиконатонро эҳтиёт намуда, фасли баҳорро бо табъи болида ва вақти хуш гузаронед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *