Аз 3 то 5-уми июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзҳои аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта пешгӯӣ мешавад.
Ҳамзамон, дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ