Раҳим Ҷалил – муаллифи романҳои “Одамони ҷовид” ва “Шӯроб” (видео)
Имрӯз, 3 июн Раҳим Ҷалил – муаллифи романҳои “Одамони ҷовид” ва “Шӯроб” зодрӯз дорад. Ӯ 3 июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд нависанда, тарҷумон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ба дунё омадааст.
Ӯ нахуст дар мактаби кӯҳна ва баъд аз Инқилоби Октябр дар мактаби шӯравӣ таҳсил намуда, соли 1927 синфи ҳафтум ва баъдан курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст.
Раҳим Ҷалил аз соли 1931 ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул шуда, бештар аз бист сол дар рӯзномаҳои “Пролетари Хуҷанд”, “Ҳақиқати Ленинобод”, “Тоҷикистони Сурх” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. Солҳои 1952–1989 котиби масъули шуъбаи Ленинободи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Аввалин маҷмӯаи ашъори ӯ бо номи «Мавҷҳои музаффарият» соли 1933 ба нашр расид. Баъдан бештар ба наср рӯ оварда, ҳамчун яке аз романнависону ҳикоянависони маъруфи тоҷик шинохта шуд.
Романҳои машҳури ӯ – «Одамони ҷовид» ва «Шӯроб» аз ҷумлаи осори мондагори адабиёти тоҷик ба шумор мераванд.
Инчунин, Раҳим Ҷалил як қатор асарҳои саҳнавӣ эҷод кардааст, ки дар асоси онҳо намоишномаҳои “Фарҳоду Ширин”, “Санавбар”, “Зани 96-ум”, “Ду вохӯрӣ” ва “Дили шоир” рӯйи саҳна гузошта шудаанд.
Раҳим Ҷалил 10 октябри соли 1989 аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ