Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ
2 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти роҳбарии хонум Стейскал Сандра Мари мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ, мубориза бо бемориҳои саратонӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва истифодаи технологияҳои муосири тиббиро баррасӣ намуданд.
Давлаталӣ Саид аз ҳамкориҳои МАГАТЭ бо Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки ин ҳамкориҳо дар солҳои охир барои беҳтар гардидани инфрасохтори тиббӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат намудаанд.

Дар доираи ҳамкориҳои МАГАТЭ бо Тоҷикистон марказҳои саратоншиносии вилояти Хатлон бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ таъмин шудаанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки табибони вилояти Хатлон тавассути барномаҳои байналмилалӣ имкони гузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва азхудкунии таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро пайдо кардаанд.
Мақомот ёдовар шуданд, ки ҳанӯз соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва МАГАТЭ барномаи TAD6009 оид ба бехатаргардонии имконоти ташхисии Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб қабул гардида буд.
Дар доираи ин барнома солҳои 2023–2025 марказ бо як қатор таҷҳизоти муосири ташхисӣ, аз ҷумла дастгоҳи ултрасадои ESAOTE, рентгенографияи рақамӣ, маммографияи рақамӣ ва томографияи компютерӣ таъмин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ