Муноқишаи падару писар дар Ваҳдат бо марг анҷомид

Дар шаҳри Ваҳдат як ҷавони 25-сола бо гумони куштори падараш боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаҳрванди Афғонистон Давлат Зода Парвиз, соли таваллудаш 2001, ки муваққатан дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард, рӯзи 1 июни соли 2026 тахминан соати 12:00 бо падараш Давлат Зода Соҳибдод, соли таваллудаш 1974, дар назди дӯкони фурӯши меваҷот дар кӯчаи Сомониёни шаҳр муноқиша намудааст.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда зимни муноқиша бо корди ҳамроҳдоштааш як маротиба ба қафаси сина ва як маротибаи дигар ба пушти падараш зарба задааст.

Дар натиҷа Давлат Зода Соҳибдод аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарро дарҳол дастгир карданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *