Иштироки намояндагони беш аз 180 кишвар дар “Eco Expo Central Asia 2026”

Имрӯз, 2 июн дар шаҳри Самарқанд маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Eco Expo Central Asia 2026” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва беш аз 180 давлати ҷаҳон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, сармоягузорон, истеҳсолкунандагони маҳсулоти экологӣ, коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Намоишгоҳро мушовири Президенти Ӯзбекистон ва раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими ин кишвар Азиз Абдулҳакимов, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва директори иҷроияи Барномаи муҳити зисти СММ Ингер Андерсен, инчунин директори кулли Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Гретел Агилар ифтитоҳ карданд.

Азиз Абдулҳакимов зимни суханронӣ таъкид кард, ки намоишгоҳи мазкур бояд ба платформаи ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди иқтисоди “сабз”, татбиқи технологияҳои экологӣ ва ҷалби сармоягузорӣ табдил ёбад.

Ба гуфтаи ӯ, Eco Expo Central Asia метавонад ҳамчун пули технологӣ миёни Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат карда, заминаи рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳад.

Дар павилёнҳои намоишгоҳ, ки шумораи онҳо беш аз 60 адад арзёбӣ мешавад, маҳсулот ва технологияҳои мутобиқ ба талаботи экологӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаанд.

Интизор меравад, ки рӯзи чоршанбе дар доираи чорабиниҳо ҳамоиши ҳаштуми Хазинаи байналмилалии экологӣ низ дар Самарқанд баргузор гардад. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, чунин ҳамоиш бори аввал дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Мирасрор Аҳроров,
шаҳри Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *