Аз бунёди неругоҳ то истеҳсоли мошин. Мулоқоти Завқизода бо вазири саноат ва савдои Ӯзбекистон

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Ин ҷаласа таҳти ҳамраисии сарвазирони ду кишвар доир хоҳад шуд.

Омодагӣ ба ин чорабиниро 10 март вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, вобаста ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли чархҳо дар заминаи ТАЛКО барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон ба миён гузошта шуд.

Дар мавриди сохтмони муштараки ду неругоҳ дар дарёи Зарафшон низ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Зикр гардид, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба яке аз шарикони стратегӣ ва боэътимод мубадал гардидаанд. Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила Ӯзбекистон беш аз 504 млн доллар ва вазни хоси он 6%-ро дар сохтори умумии тиҷорати хориҷӣ ташкил дода, дар ҷои 5-ум қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *