Аз фитнаи ин ҷаҳон дилам монд

Китоби «Дуруди ишқ ба номат…», ки 500 шоҳбайт аз ашъори Толиб Карими Озарахш аст, таҳия намудааст. Алъон дар Телевизиони Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.

Саид Ризо 10 — уми майи соли 1995 дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Магистранти  факултети журналистикаи ДМТ мебошад. 

Намунаи шеърҳояш дар ҳафтаномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва маҷмӯаҳои дастаҷамъии «25 гуфтор» (2016) ва «Наврӯзи Зарафшон» (2017) ба табъ расидааст. Сенарияи филми «Бадриддин Ҳилолӣ» — ро низ навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Аввалин китоби филмномаҳои тоҷик» (2016) чоп шудааст.

Инчунин, китоби «Дуруди ишқ ба номат…», ки 500 шоҳбайт аз ашъори Толиб Карими Озарахш аст, таҳия намудааст. Алъон дар Телевизиони Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.

АШКИ НАДОМАТ

«Бояд равӣ гулам, поёни суҳбат аст».

Дигар илоҷ нест, ин роҳи қисмат аст.

Аммо чӣ даҳшате, дар корзори бахт?

Аз ман гузаштанат марги муҳаббат аст.

Донам, ки боли дил бе ту шикастанист,

Ҳар дам сари маро санги маломат аст.

Донам, ки мушкилам ҷои қиёс нест,

Гумкардавақтро ҳар лаҳза қиммат аст.

Охир, куҷо равад, аз дасти ту, Саид?

Дар ёд-ёди чашм ашки надомат аст.

ИНТИЗОР ШУДАМ

Туро азизи дилам, сахт интизор шудам,

Наёмадӣ ба суроғам, чӣ беқарор шудам.

Набуд аҳду вафо дар диёрат, эй гули ман,

Муқими кӯи ту гаштам басеву хор шудам.

На занг мезаниву на паём аз ту расад,

Барои бар ту расидан хабарнигор шудам.

Бигашт ишқи ману ту ҳадиси мардуму ту,

Равӣ ба сӯйи рақибону шармсор шудам.

Дар ин ду рӯзи ҷавонӣ маро хиҷил кардӣ,

Дар ин ду рӯз чу пирони дилфигор шудам.

Шаб асту дуди сигору мани дилозурда,

Ба сина оташи ишқи ту, чун сигор шудам.

Маро ту аз сари кӯят шабе, ки мерондӣ,

Буридам аз тарабу бо ғами ту ёр шудам.

Вале нашуд, ки наёям канорат, ишқи азиз,

Бирафтаму ба ситамкардани ту зор шудам.

Дубора сӯйи ту боз омадам, зи танҳоӣ,

Гадои даргаҳи ту гашта, шаҳриёр шудам.

Нагуфтаам ғазале мисли модару падарат,

Вале зи ишқи азизи ту мондагор шудам.

ДИЛАМ МОНД

Аз ваъдаи дӯстон дилам монд,

З-ин қиссаву достон дилам монд.

Ҳар лаҳза ба сад ҳавобаландӣ,

Биншаста бар остон дилам монд

Дил бовари худ ба каф наёвард…

Аз дилбари бадгумон дилам монд.

Афсонаи дӯстӣ забун шуд,

Аз фитнаи ин ҷаҳон дилам монд.

Ёрон чу мунофиқӣ намуданд,

Аз рӯи дурӯягон дилам монд.

Доранд талош баҳри шуҳрат,

Аз шуҳрату аз замон дилам монд.

Кист он, ки зи баҳри дӯст мирад?

Аз ғайрати буздилон дилам монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *