Аз ҳад бераҳмона… Шикояти маҳкумшудагони асосии ҳамла ба “Крокус” аз болои ҳукми суд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов, ки аз маҳкумшудагони асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар шаҳри Маскав маҳсуб мешаванд, аз болои ҳукми суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории «ТАСС» бо истинод ба вакилони дифои онҳо иттилоъ додааст. Ба гуфтаи яке аз ҳимоятгарон, маҳкумшудагон ҳукми содиршударо «аз ҳад бераҳмона» мешуморанд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки бархе аз вакилони дигар муттаҳамон аз болои ҳукми суд шикоят бурдаанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки кадом маҳкумшудаҳо ба зинаи болоии суд муроҷиат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 март дар доираи ин парванда 15 нафар, аз ҷумла чор муттаҳами асосӣ ва 11 гумонбари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Чор нафари дигар ба муҳлати аз 19 то 22 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Дар асоси ҳукми суд, ҳамаи онҳо бояд 990 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунанд.

Тибқи ҳукми суд, муттаҳамони асосӣ барои омӯзиши фаъолияти террористӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, иштирок дар ташкилоти террористӣ ва содир кардани амали террористӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Назари худи онҳо дар робита ба ҳукм то ҳол дастрас нест. Аммо қаблан наздиконашон гуфта буданд, ки ба даст доштани онҳо дар ин ҷиноят бовар надоранд.

Ҳамла ба толори консертии «Крокус Сити Холл» рӯзи 22 марти соли 2024 дар Маскав рух дода буд. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин ҳамла 146 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *