Бохтар: Бозор зери назорат, нархҳо муътадиланд
Одатан бо фаро расидани идҳо ва зиёд шудани талабот ба маҳсулот, нархи онҳо боло меравад. Бо мақсади таъмин намудани дастрасии маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархи онҳо, Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳоро бо соҳибкорон ва фурӯшандагон бештар намудааст.
Ҳамзамон, барои пешгирии беасос боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, ин ниҳод назоратро дар дӯконҳо ва бозорҳои вилояти Хатлон пурзӯр кардааст.
Фирдавси Маҳмадсаид, сардори раёсати мазкур ба хабарнигори Pressa.tj дар вилояти Хатлон гуфт, ки барои танзими нархи маҳсулот бо соҳибкорон ва фурӯшандагон мулоқоту суҳбатҳо баргузор карда шуданд.
«Айни ҳол нархи маҳсулоти ниёзи аввалия зери назорат қарор дорад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам фурӯшандагоне ҳастанд, ки нархро беасос баланд мекунанд», – гуфт ӯ.
Ба таъкиди ӯ, то ҳол аз ҷониби сокинон вобаста ба гаронии маҳсулот шикоят ворид нашудааст. Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нарх, нисбат ба фурӯшандагон чораҳои ҷаримавӣ андешида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ